Размикори тоҷики мағлубнашудаи ММА ба фатҳи Амрико меравад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Размикори ММА Сарварҷон Ҳамидов тирамоҳ бори нахуст дар Лигаи Bellator бо амрикоӣ Ҷаред Скоггинс рақобат мекунад. Қувваозмоӣ бояд рӯзи 12 август баргузор мешуд, лекин ба Сарварҷон дарёфти раводид (виза)-и ИМА муяссар нашуд ва аз ин рӯ, қувваозмоиро бо иштироки ӯ ба вақти дертар мавқуф гузоштанд.

Ҳамидов дар 13 қувваозмоии ММА 13 ғалаба ба даст оварда, лекин ин рақобатҳо дар дигар лигаҳо баргузор шуданд. Бо назардошти ин дастовард, ташкилоти промоутерии Bellator, ки 2-юмин ташкилот дар ММА пас аз UFC шуморида мешавад, бо размикори тоҷик қарордод баст.

Пирӯзии Сарварҷон Ҳамидов дар муҳориба бо варзишгари Бразилия Фабрисио Сарафф дар промоушени UAE Warriors, ки дар он доварон якдилона Ҳамидовро ғолиб донистанд, барои имзои қарордод бо Bellator мусоидат намуд.

Ин рақобати сенздаҳуми касбии варзишгар дар вазни сабуктарин (Flyweight, то 125 фунт ё 57 кг) буд.

Лигаи Bellator соли 2008 таъсис дода шудааст. Дар радабандии ММА-промоушенҳо тибқи фарзияи портали MMA Oracle, Bellator пас аз лигаи нисбатан бонуфузи UFC зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Ҳамидов дар мусобиқае, ки дар шаҳри Су-Фолис иёлат (штат)-и Дакотаи Ҷанубӣ доир мегардад, бо варзишгари амрикоӣ Ҷаред Скоггинс (10 ғалаба, 2 бохт) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Сарварҷон Ҳамидов 25-сола буда, дар Нуробод таваллуд шудааст. Айни замон оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе иқомат дорад. Ӯ хатмкардаи риштаи иқтисод ва менҷменти Донишгоҳи давлатии Олтой мебошад.

Дар ин ташкилот яке аз размикорони пурқуваттарини ММА аз Тоҷикистон Шараф Давлатмуродов низ ҳунарнамоӣ мекунад, ки ҳамзамон мураббии Ҳамидов аст. Дар омодагии Сарварҷон ба муҳорибаҳои касбӣ саҳми мурабии маъруф Алан Алифбеков низ назаррас мебошад.

Айни замон Сарварҷон ният дорад, ки ба ИМА равад, то ки ба қувваозиоии нахустини худ дар лигаи нисбатан пурнуфуз омодагӣ бигирад. Чун дар 13 қувваозмоӣ ӯ ҳоло ягон бор шаҳди мағлубиятро начашидааст, аз ин рӯ букмекерон имкони пирӯзии ӯро дар рақобат бо Ҷаред Скоггинс баланд арзёбӣ мекунанд. Мо низ ба варзишгари тоҷик пирӯзӣ таманно мекунем!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...