Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш

Бар асари оташгирии як мошини бензинкаш дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1 корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳалок шуда,  2 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса дирӯз, 15 август тақрибан соати 22:10 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Гуфта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бар асари оташгирии як мошини бензинкаш дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1 корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳалок шуда,  2 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса дирӯз, 15 август тақрибан соати 22:10 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбед бо сабабҳои номаълум оташ гирифтааст.

“Шахси фавтида сокини 28-солаи кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини 45-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор аст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, аввалӣ 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад сӯхтаи баданаш бистарӣ шудааст ва ҳоли якеро духтурон вазнин арзёбӣ кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.