Даргузашти академик Фозил Тоҳиров дар Душанбе

Date:

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ходими шоистаи илм ва техникаи кишвар Фозил Тоҳиров дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 83-сола буд.

Аз Академияи илмҳо хабар доданд, ки Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, сипас то соли 1995, қариб 30 сол дар ин муассисаи олӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумда, дар солҳои душвори 1990-1995 Фозил Тоҳиров ректори ин донишгоҳ буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фозил Тоҳиров

Соли 1995 ба кор дар Академияи илмҳо гузашта, муддати 11 сол дар вазифаҳои саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон кор кард.

Фозил Тоҳиров ҳанӯз соли 1988 ба унвони илмии доктори улуми ҳуқушиносӣ ва соли 1990 – проефссор сазовор дониста шуда, соли 2009 ба узвияти Академияи илмҳо пазируфта шуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу мақолаҳои илмӣ мебошад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...