Ҳалокати ду нафар дар Зафаробод бар асари заҳролудшавӣ аз газ

Ду нафар бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон дар ноҳияи Зафаробод  ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуда, вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад. Ба иттилои манбаъ дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се […]

Ду нафар бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон дар ноҳияи Зафаробод  ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуда, вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.

"Баробари ворид шудан ҳар се шадидан аз партоби гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст", – омадааст дар хабарнома.

Кумита гуфтааст, ки сабаби ҳодиса дақиқ нест, эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯбарӯ шуда бошанд.

Ҳодисаи мазкур баъд аз зуҳри 16 август рух додааст, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.