Толибон* дар Панҷшер ва Андароб фармондеҳони нави низомӣ таъйин карданд

Date:

Роҳбари Толибон* бо фармоне барои вилояти Панҷшер ва вулусволиҳои Андаробу Бағлон масъули низомии нав таъйин кард. Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* хабар додааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, рӯзи якшанбе, 22 август бо нашри фармони Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ дар Твиттери худ гуфтааст, ки мулло Абдулқаюм Зокир, масъули низомии умумии вилояти Панҷшер ва Андаробу Бағлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи вилояти Ҳилманд буда, қаблан дар вазифаи муовини сарпарасти вазорати мулофиаи Толибон* фаъолият кардааст.

Ҳамчунон, бар асоси ин фармон Мулло Муҳаммад Тайиб Ҳаққонӣ ба ҳайси қумондони амнияи Панҷшер таъйин шудааст.

Ин таъйинот дар ҳоле анҷом мешавад, ки ахиран даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер, Бағлон ва Тахор афзоиш ёфта, ҷонибҳо аз кушта шудан ва асир афтодани даҳҳо ҷанговари рақиб иттилоъ медиҳанд.

Аз ҷумла, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ахиран эълон кард, ки дар як задухӯрд бо ҷанговарони толиб 40 нафари онҳоро ба асорат гирифтанд. Иттилое, ки Толибон* тасдиқ накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...