Ба китобхонаҳои ВМКБ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китоб фиристода шуд

Ба Китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобҳои нав тақдим карда шуданд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба китобхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии минтақава дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашр дода шуданд. Гуфта мешавад, арзиши умумии китобҳои тозанашри тақдимшуда 100 […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Ба Китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобҳои нав тақдим карда шуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба китобхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии минтақава дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашр дода шуданд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии китобҳои тозанашри тақдимшуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”рӯзи 19 август ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ Корвони фарҳангии китоб ворид гардида, ҳамзамон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиётҳои илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон пешниҳод гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.