Дарёфти ҷасади зане, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Сорбоғ андохта буд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 26-сола, зане ки дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сорбоғи ноҳияи Рашт партофта буд, имрӯз, 24 август ёфт шудаст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як хабар дар ин бора гуфтааст, ки ҷасади Маҳинбонуро дар дарёи Сорбоғ, 5 км поинтар аз деҳаи Поҷеи Болои минтақаи Рашт пайдо кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки Маҳинбону Ҳафизова рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд.

“Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт карданд ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд”, – гуфтааст КҲФ.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мақомот ин иддаоро рад карда, худкушии занону духтаронро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...