Дарёфти ҷасади зане, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Сорбоғ андохта буд

Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 26-сола, зане ки дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сорбоғи ноҳияи Рашт партофта буд, имрӯз, 24 август ёфт шудаст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як хабар дар ин бора гуфтааст, ки ҷасади Маҳинбонуро дар дарёи Сорбоғ, 5 км поинтар аз деҳаи Поҷеи Болои минтақаи Рашт пайдо кардаанд. […]

Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 26-сола, зане ки дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сорбоғи ноҳияи Рашт партофта буд, имрӯз, 24 август ёфт шудаст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як хабар дар ин бора гуфтааст, ки ҷасади Маҳинбонуро дар дарёи Сорбоғ, 5 км поинтар аз деҳаи Поҷеи Болои минтақаи Рашт пайдо кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки Маҳинбону Ҳафизова рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд.

“Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт карданд ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд”, – гуфтааст КҲФ.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мақомот ин иддаоро рад карда, худкушии занону духтаронро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.