Дар Душанбе Форуми байнулмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия” доир мегардад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Форуми байнулмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия” рӯзи 15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз ҷумла ҷонибҳо ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ аз ҳар ду ҷониб 50-нафарӣ, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршносон ва таҳлилгарон иштирок кунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, давоми солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд 648 млн доллар сармоягузориҳо аз Русия ворид шудааст, ки 15% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиии воридшударо ба кишвар дар зарфи ин 14 сол ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия дар бахшҳои сохтмону алоқа, иктишофи геологӣ, миёнаравии молиявӣ, соҳаҳои тандурустӣ, савдо, энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди коҳиши назарраси сармоягузориҳои Русия аз нимаи дуюми солҳои 2010-ум, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо Чин аз Русия пегшсаф аст.

Чин бошад, баръакс, тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми сармяогузориҳои худро ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд кард.

Давоми солҳои 2007-2021 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 252 млн долларро ташкил дод, ки ба 29,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...