Дар Душанбе Форуми байнулмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия” доир мегардад

Форуми байнулмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия” рӯзи 15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт. Аз ҷумла ҷонибҳо ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор […]

Форуми байнулмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия” рӯзи 15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз ҷумла ҷонибҳо ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ аз ҳар ду ҷониб 50-нафарӣ, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршносон ва таҳлилгарон иштирок кунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, давоми солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд 648 млн доллар сармоягузориҳо аз Русия ворид шудааст, ки 15% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиии воридшударо ба кишвар дар зарфи ин 14 сол ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия дар бахшҳои сохтмону алоқа, иктишофи геологӣ, миёнаравии молиявӣ, соҳаҳои тандурустӣ, савдо, энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди коҳиши назарраси сармоягузориҳои Русия аз нимаи дуюми солҳои 2010-ум, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо Чин аз Русия пегшсаф аст.

Чин бошад, баръакс, тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми сармяогузориҳои худро ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд кард.

Давоми солҳои 2007-2021 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 252 млн долларро ташкил дод, ки ба 29,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.