Сел дар Рӯшон: 68 хонавода ба макони бехавф кӯчонида шуданд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Баъд аз зуҳри 24 август дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон  сел омада, вориди 2 хонаи истиқоматӣ шуд ва ба иншоотҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ  ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр бастааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ  68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба МТМУ-и №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.

“Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 25 август 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...