Боз як футболбози тоҷик ба тими “Нафт”-и Эрон гузашт

Футболбози тоҷик Шериддин Бобоев тими “ Мақтаарал”-и Қазоқистонро тарк карда, ба дастаи “Нафт”-и Эрон гузашт. Дар ин бора агенти расмии футболбоз Кова Тилавпур дар телеграм-канали худ хабар дод. “Ҳамааш тахт шуд! Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки мизоҷи “КТ” (Кова Тилавпур – эзоҳ), бозингари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев бо дастаи “Нафт”-и Эрон қарордод баст. Қарордод […]

Футболбози тоҷик Шериддин Бобоев тими “ Мақтаарал”-и Қазоқистонро тарк карда, ба дастаи “Нафт”-и Эрон гузашт. Дар ин бора агенти расмии футболбоз Кова Тилавпур дар телеграм-канали худ хабар дод.

“Ҳамааш тахт шуд! Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки мизоҷи “КТ” (Кова Тилавпур – эзоҳ), бозингари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев бо дастаи “Нафт”-и Эрон қарордод баст. Қарордод ба муҳлати 1 сол ба имзо расид. Барору комёбӣ мехоҳам”, – навиштааст Тилавпур.

Айни замон Бобоев аз федератсияи маҳаллӣ иҷозатнома (литсензия) интизор аст, то ки дар ҳайати дастаи нав ба майдон барояд.

Портали “Трансмаркет” нархи футболбоз Шериддин Бобоевро 250 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.

Дастаи”Санъат-Нафт”-и шаҳри Теҳрон пас аз ду даври чемпиоанти Эрон миёни 16 тим зинаи 15-умро ишғол мекунад.

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон сеюмин футболбози тоҷик аст, ки пас аз Ваҳдат Ханнонов (ДФ “Персеполис”) ва Эҳсони Панҷшанбе (ДФ “Зоб Оҳан”) ба дастаи Эрон гузашт.

Шериддин Бобоев 21 апрели соли 1999 таваллуд шудааст. Соли 2018 дар ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони қаҳрамони кишвар соҳиб гардида, инчунин нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон шуд.

Соли 2017 бори аввал дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Непал бозӣ карда, баъдтар ба тими “Пиканг” аз Суперлигаи Малайзия гузашт.

Бобоев аввали соли 2022 бо дастаи “Мақтаарал”-и Қазоқистон қарордод баст. Чанд рӯз пеш бо розигии ҳар ду тараф қарордод бекор шуд. Дар ҳайати ин даста Бобоев дар 10 бозӣ иштирок кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.