Толибон* нерӯи ҷангии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд

Толибон*, ки ба талаби чандкаратаи худ оид ба баргардонидани чархболҳои ҳарбии аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардашуда посухи қонеъкунанда нагирифтанд, қувваҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд, менависад сомонаи “Военное дело”. Намояндагони ин гурӯҳ чанд маротиба расмиву ғайрирасмӣ ва дар сатҳҳои гуногун аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, чархболҳоеро, ки халабонҳои ҳарбии Афғонистон […]

Толибон*, ки ба талаби чандкаратаи худ оид ба баргардонидани чархболҳои ҳарбии аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардашуда посухи қонеъкунанда нагирифтанд, қувваҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд, менависад сомонаи “Военное дело”.

Намояндагони ин гурӯҳ чанд маротиба расмиву ғайрирасмӣ ва дар сатҳҳои гуногун аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, чархболҳоеро, ки халабонҳои ҳарбии Афғонистон замони суқути Кобул аз ин кишвар ба Тоҷикистон интиқол дода буданд, баргардонад. Ҷониби Тоҷикистон бо гузашти як сол, дар мавриди ин чархболҳо расман изҳороте надодааст ва ҳамин тавр, Толибон* ҳам аз Душанбеи расмӣ ҳеҷ посухи қонеъкунанда дастрас накардаанд.

Интиқоли нерӯи ҷангӣ ба сарҳад ҳоло расман аз ҷониби ҳеҷ як мақоми расмии давлатҳои минтақа тасдиқ ё рад нашудааст, аммо намояндагони Толибон* ҳамеша зикр менамоянд, ки ба ҳеҷ як қувва иҷозаи истифодаи хоки Афғонистон барои таҳдид ба кишварҳои дигарро нахоҳанд дод.

Биёсре аз коршиносон ба ин ҳарфи Толибон* бовар надоранд ва мегӯянд, ки ин гурӯҳ худ бо тамоми созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ дорад ва куштори роҳбари “Ал-Қоида”* дар Кобул гувоҳи он аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан низ интиқоли нерӯи иловагӣ ба сарҳади Тоҷикистон мушоҳида мешуд, аммо пойгоҳи иттилоотии “Avia.pro” менависад, ки ин маротиба хатар ҷиддӣ аст.

“Таҳдид ҷиддӣ ва воқеӣ ба назар мерасад, чун агар қаблан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон танҳо дастаҳои бузурги ҷанговарон дида мешуданд, ҳоло мушоҳида мешавад, ки тахникаи ҳарбӣ низ интиқол медиҳанд ва ин аз омодагии ҳуҷуми ҷиҳодиҳо гувоҳӣ медиҳад”, – менависад ин пойгоҳ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пештар вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, Русия дар пасманзари ҳаводиси Афғонистон сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар нерӯҳои худро боло мебардорад.

Интиқоли нерӯи иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ ба сарҳади Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи чанд муддати охир Толибон* дар сатҳи гуногун ба Тоҷикистон таҳдиди ҷанг мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон пайваста изҳор менамоянд, ки тавони ҳифзи сарҳад ва истодагарӣ ба ҳар гуна таҳдиди берунаро доранд ва барои ин ҳамеша омодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...