Актёрони тоҷик дар филми русиягии мазҳакавии «Лена и справедливость» нақш бозиданд

Актёрони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ ва Соро Сабзалиева дар филми «Лена и справедливость» (Лена ва адолат), ки чанде пеш, аз 25 август дар Русия ба намоиш бароварда шуд, нақш бозиданд. Дар филми аввалини коргардон Екатерина Вешева Парвиз нақши асосӣ – муҳоҷири кории ошиқро иҷро мекунад. Мақсуд дар Русия бе ягон ҳуҷҷат монда, бо ҳамин сабаб расман […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Актёрони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ ва Соро Сабзалиева дар филми «Лена и справедливость» (Лена ва адолат), ки чанде пеш, аз 25 август дар Русия ба намоиш бароварда шуд, нақш бозиданд.

Дар филми аввалини коргардон Екатерина Вешева Парвиз нақши асосӣ – муҳоҷири кории ошиқро иҷро мекунад.

Мақсуд дар Русия бе ягон ҳуҷҷат монда, бо ҳамин сабаб расман ҳаёти шахсиашро бо модари се фарзандаш – Лена ба роҳ монда наметавонад.

Тибқи сюжети филм, ин ҷуфт муддати даҳ сол зиндагӣ дошта, бо тарбияи фарзандон рӯзгори худро пеш мебаранд.

Лена тӯйи афсонавиро орзу карда, лекин ба далели ҳуҷҷат надоштани интихобкардаи худ, онро гузаронида наметавонад. Ҳамчунин нигарон аст, ки Мақсудро метавонанд аз Русия хориҷ кунанд.

Шахси интихобкардаи ӯ тасодуфан шиносномаи худро гум карда, ҳоло ба ҷойи идораи САҲШ (ЗАГС), тез-тез ба дасти кормандони пулис меафтад.

Аммо Лена зани қавиирода буда, барои ишқу хушбахтии худ омода аст, ки ҳар рӯз мубориза барад.

Дар ин филми мазҳакавӣ зани рус Мақсудро аз шуъбаи пулис раҳо карда, ҳар бор ба шахсони анфиатдор ҳарчи бештар пул медиҳад.

Ба ҷуз Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди дигари тоҷик Соро Сабзалиева низ дар ин филм нақш бозидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...