Дар яке аз вокзалҳои Маскав маркази муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкор шуд

Мақомоти пулис дар ҳамдастӣ бо кормандони Росгвардия як маркази муҳоҷирати пинҳониро ошкор намуданд. Қаллобон тақрибан ба 3 ҳазор нафар хориҷиён ҷиҳати вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия кумак кардаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия. Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк иттилоъ додааст, ки дар ташкили ин марказ зодагони кишварҳои хориҷи наздик даст доранд. Онҳо дар тайёр кардани […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Мақомоти пулис дар ҳамдастӣ бо кормандони Росгвардия як маркази муҳоҷирати пинҳониро ошкор намуданд. Қаллобон тақрибан ба 3 ҳазор нафар хориҷиён ҷиҳати вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия кумак кардаанд, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк иттилоъ додааст, ки дар ташкили ин марказ зодагони кишварҳои хориҷи наздик даст доранд.

Онҳо дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ: кортҳои муҳоҷират, шаҳодатномаи ронандагӣ, патент ва инчунин муҳрҳои сохта хидматрасониҳо пешниҳод мекардаанд.

Дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ техникаи компютерӣ, муҳрҳо бо рӯзҳои гузаштани сарҳади Русия, муҳрҳои мақомоти давлатии Русия, 29 варақаи пурнашудаи корти муҳоҷират бо зикри гузаштани сарҳади Русия дарёфт ва мусодира шудааст.

Инчунин ба маблағи зиёда аз 1 млн рубл пул дарёфт шудааст, ки эҳтимол аз амалҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст.

Ба ин тариқ, 4 иштирокчии синии аз 27 то 37-солаи гуруҳи муташаккил ба наздики 3 ҳазор хориҷиён барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави кишвар имкон додаанд.

“Айни замон 3 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шуда,  1 нафар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад”, – гуфта мешавад дар хабари Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав.

Гуфта мешавад, барои қонуншиканӣ оид ба тариби будубош дар Русия 18 нафар муҳоҷирон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...