Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи Эрон гузашт

Нимҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе расман бозингари дастаи “Зоб Оҳан”-и Эрон шуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Эҳсони Панҷшанбе аз дастаи “Навбаҳор”-и Намангон (Ӯзбекистон) ба ин тим гузашт, ки аз соли 2020 дар ин ҷо бозӣ мекард. Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузаштаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Эрон “Зоб Оҳан” […]

Нимҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе расман бозингари дастаи “Зоб Оҳан”-и Эрон шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Эҳсони Панҷшанбе аз дастаи “Навбаҳор”-и Намангон (Ӯзбекистон) ба ин тим гузашт, ки аз соли 2020 дар ин ҷо бозӣ мекард.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузаштаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Эрон “Зоб Оҳан” зинаи 8-умро ишғол намуд.

Бино ба маълумоти дастаи футболи “Навбаҳор”, нимҳимоятгар аз Тоҷикистон дар 43 вохӯрии ин даста (723 дақиқа) дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ карда, 2 тӯб вориди дарвоза ва 2 тӯбро дар ҳамлаи муваффақона ба ҳамдастааш партофтааст. Дар мавсими нав Эҳсон дар 7 вохӯрӣ 75 дақиқа бозӣ кардааст.

Маблағи созишномаи молиявӣ байни “Навбаҳор” ва “Зоб Оҳан” дар мавриди гузаштани футболбоз ифшо намешавад.

Қаблан чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки Эҳсони Панҷшанбе ба маблағи 500 ҳазор евро фурӯхта шудааст. Лекин тибқи маълумоти championat.asia, футболбоз ба тими Эрон бо ҳуқуқи агенти озод гузаштааст.

Тибқи маълумоти портали олмонӣ дар бораи футболи Transfermarkt, арзиши ҳозираи Эҳсони Панҷшанбе дар бозори трансферӣ 700 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.