“Роҳбарӣ карда наметавонад”. Интиқоди шадиди раиси Кумитаи андоз аз кори ширкати писари Бег Сабур

Ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, аз андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор будааст. Дар ин бора, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита андози Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, маҳз самаранок истифода накардани маблағи ҷалбгардида аз ҷониби ин […]

Ширкати сохтмонии "Комил 2010", ки ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, аз андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор будааст. Дар ин бора, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита андози Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, маҳз самаранок истифода накардани маблағи ҷалбгардида аз ҷониби ин ширкат ва сари вақт иҷро накардани уҳдадорӣ боиси қарздорӣ дар назди буҷети давлат гардидааст.

 “Маблағро  мегирад, аммо самаранок истифода намебарад. Роҳбарӣ карда наметавонад. Босифат кор карда наметавонад. Ба монанди ҳамин омилҳои зиёде ҳастанд, ки (ширкатро) ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунанд”,-  нигаронӣ кард Давлатзода.

Ӯ афзуд, дар баробари ширкати “Комил 2010” дигар ширкатҳо низ ба чунин мушкилӣ мувоҷеҳанд.

Интиқоди шадиди роҳбари идораи андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ моликони ширкати "Комил-2010"-ро танқид кард буд.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли гузаштааш гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.

– Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд, – гуфта буд ӯ.

Дар Душанбе сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксаран аз ҷараёни сохтмону сифати корҳои ин биноҳо розӣ набуда, лекин бинобар арзонтар будани хонаҳо нисбат ба дигар сохтмонҳо, ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.