Муаррифии ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Вена

Asia-Plus

Намоиши фарҳангии Тоҷикистон, ки аз 20 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор мегардад, ба ҳунармандони тоҷик имкон медиҳад, маҳсули меҳнати худро ба хориҷиён муаррифӣ кунанд. Дар ин бора ба  “Asia-Plus” Нигина Икромӣ, директори генералии ҶДММ “Деҳаи гулзор”, ки фаъолияташ ба рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, иттилоъ дод.

Тавре Даниэла Либервирт, роҳбари лоиҳа зикр кард, намоиши мазкур дар доираи ташкили чорабиниҳо оид ба рушди табодули фарҳангӣ миёни Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Кафқоз баргузор мегардад.

Таъкид мегардад, ки ҳунармандон аз гӯшаву канори Тоҷикистон метавонанд ба Вена сафар карда, фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ кунанд. Ташкилкунандаи намоиши мазкур ассотсиатсияи “Kulteurasia” буда, сарфу харҷи сафари ҳунармандон ба Австрия ба зиммаи шаҳрдории Вена мебошад.

Дар назар аст, ки зимни намоиш, ғайр аз маҳсули эҷоди ҳунармандон, ҳамчунин мусиқии миллӣ, аз ҷумла шашмақому фалак ва либосҳои аз атласу адрас омодакардаи тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов муаррифӣ карда шаванд.

Тазаккур дода мешавад, ки яке аз самтҳои муҳимми чорабинӣ Бадахшони Тоҷикистон хоҳад буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мутасаддиёни намоиш барои пайдо кардани ҳунармандони арзанда ба гӯшаву канори кишвар сафарҳо анҷом дода, ҳунармандони арзандаро интихоб намуданд.

Ассотсиатсияи “Kulteurasia” соли 2007 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии фарҳанги бой, анъанаҳои минтақа, таблиғи фарҳанги муосир, инчунин тақвияти ҳамкорӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак бо фарҳангиёни маҳаллӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...