Муаррифии ҳунару фарҳанги Тоҷикистон дар Вена

Намоиши фарҳангии Тоҷикистон, ки аз 20 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор мегардад, ба ҳунармандони тоҷик имкон медиҳад, маҳсули меҳнати худро ба хориҷиён муаррифӣ кунанд. Дар ин бора ба  “Asia-Plus” Нигина Икромӣ, директори генералии ҶДММ “Деҳаи гулзор”, ки фаъолияташ ба рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, иттилоъ дод. Тавре Даниэла […]

Asia-Plus

Намоиши фарҳангии Тоҷикистон, ки аз 20 то 26 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор мегардад, ба ҳунармандони тоҷик имкон медиҳад, маҳсули меҳнати худро ба хориҷиён муаррифӣ кунанд. Дар ин бора ба  “Asia-Plus” Нигина Икромӣ, директори генералии ҶДММ “Деҳаи гулзор”, ки фаъолияташ ба рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, иттилоъ дод.

Тавре Даниэла Либервирт, роҳбари лоиҳа зикр кард, намоиши мазкур дар доираи ташкили чорабиниҳо оид ба рушди табодули фарҳангӣ миёни Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Кафқоз баргузор мегардад.

Таъкид мегардад, ки ҳунармандон аз гӯшаву канори Тоҷикистон метавонанд ба Вена сафар карда, фарҳанги бойи тоҷикро муаррифӣ кунанд. Ташкилкунандаи намоиши мазкур ассотсиатсияи “Kulteurasia” буда, сарфу харҷи сафари ҳунармандон ба Австрия ба зиммаи шаҳрдории Вена мебошад.

Дар назар аст, ки зимни намоиш, ғайр аз маҳсули эҷоди ҳунармандон, ҳамчунин мусиқии миллӣ, аз ҷумла шашмақому фалак ва либосҳои аз атласу адрас омодакардаи тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов муаррифӣ карда шаванд.

Тазаккур дода мешавад, ки яке аз самтҳои муҳимми чорабинӣ Бадахшони Тоҷикистон хоҳад буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мутасаддиёни намоиш барои пайдо кардани ҳунармандони арзанда ба гӯшаву канори кишвар сафарҳо анҷом дода, ҳунармандони арзандаро интихоб намуданд.

Ассотсиатсияи “Kulteurasia” соли 2007 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии фарҳанги бой, анъанаҳои минтақа, таблиғи фарҳанги муосир, инчунин тақвияти ҳамкорӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак бо фарҳангиёни маҳаллӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.