“Мавъизаи миллӣ” қабл аз “амри маъруф” дар масҷид

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Умари Шерхон, адиб ва журналисти тоҷик, пешниҳод намудааст, ки “барои тоҷикӣ кардани исломи арабишудаву мазҳаби арабпарастон, бояд дар ҳар масҷид 1 шоири номӣ, 1 нависандаи халқӣ, 1 барандаи медалу ордену ҷоизаи давлатӣ, пеш аз ҳар намоз, ақаллан 5-6 дақиқа микрофонро ба даст гирифта, роҷеъ ба таъриху тамаддуни тоҷик суҳбат кунад…”.

Дар робита ба ин пешниҳод, ки дар ҳафтаномаи “СССР” интишор шудааст, рӯҳониён ва аҳли зиё андешаи мухталиф доранд. Баъзеи онҳо аз ҷалби аҳли зиё ба масҷид барои суханронӣ истиқбол кунанд, чандеи дигар беҳтар мешуморанд, ки кори масоҷид ба зиммаи рӯҳониён гузошта шавад.

“Аз ин минбар бояд истифода кард”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зикр мекунад, ки аҳли зиё пайваста масоили тарғиби худшиносиву ватандӯстиро баррасӣ мекунад ва дар ин самт аз минбарҳои гуногун истифода менамояд, вале дар баробари ин, ӯ аз имомхатибони масоҷиди кишвар ҳамчун “шахсиятҳои шинохта, аз таъриху фарҳанги тоҷик огоҳ ва ватандӯсту миллатдӯст” таъриф карда, мегӯяд, ки “агар домуллоҳо маърӯза кунанд беҳтар аст”.

“Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ тавассути ҳама гуна минбарҳо ин корро анҷом дода истодааст, аммо агар ҳамин гуна тасмиме гирифта шавад, мо ҳамкорӣ мекунем. Як минбари дигар мешавад, барои тарғиби худшиносиву ватандӯстӣ ва ормонҳои милии мо”, – иброз намуд Низом Қосим.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карда, танҳо гуфт, ки “агар ин кор ба манфиат бошад, бояд истифода кунем”.

“Кори масҷид ба мулло вогузор гардад”

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ин маврид мегӯяд, “ходимони дин дар масҷидҳо кори худро анҷом дода истодаанд ва дар мавъизаҳои намози ҷумъа роҷеъ ба масъалаи худшиносии миллӣ низ суҳбатҳо мешаванд”. Аз ин лиҳоз, ба андешаи ӯ, ҷалби аҳли зиё ба масоҷид барои мавъиза зарур нест.

“Бояд дар назар дошт, ки мухотаби ходимони дин барои намозгузорӣ ба масҷидҳо меоянд. Аз ин лиҳоз, хуб аст, ки кори масҷид ба мулло вогузор шавад”, – мегӯяд Афшини Муқим.

Ҳамзамон, ӯ пешниҳод дорад, ки “аҳли зиё ва ҳунармандон дар марказҳои фарҳангию тафреҳӣ мардумро ҷамъ карда, сӯҳбату вохӯриҳо баргузор кунанд беҳтар аст”.

Гуфтан ҷоиз аст, ки имомхатибони масоҷид қабл аз намозҳо вобаста ба масоили гуногуни диниву мазҳабӣ суханронӣ карда, ба саволҳои пурсидашуда посухҳо медиҳанд. Ҳар ҳафта як маротиба, дар намозҳои ҷумъа бошад, имомхатибон дар асоси мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таҳияву ирсол мешавад, “амри маъруф” мекунанд.

Рӯйхат дар баробари мавзӯъҳои диниву ахлоқӣ, ҳамчунин мавзӯъҳои хатари ифротгароии динӣ, зарурати ҳифзи сулҳу субот, масъулияти падару модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳифзи Ватан, низоми дунявият ва зарурати ҳифзи ин низом, шинохти хатару таҳдидҳои минтақа ва зарурати мубориза барои ҳифзи марзу бумро фаро мегирад. Имомхатибон масъуланд, ки дар мавъизаҳои худ аз ин мавзуҳо истифода кунанд ва дар доираи он сӯҳбат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...