Довталабони тоҷик кадом мактаби оливу чӣ гуна ихтисосҳоро интихоб мекунанд?

Имсол ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 43 998 нафар довталаб, ба коллеҷҳо бо маълумоти синфи 11-ум – 15 740 ва бо маълумоти асосии умумӣ (синфи 9-ум) – 7 745 довталаб дохил шуданд. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, самтҳои талабгорашон нисбатан камтар барои довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) буда, нисбатан серталаб кластери панҷум (тиб, […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Имсол ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 43 998 нафар довталаб, ба коллеҷҳо бо маълумоти синфи 11-ум – 15 740 ва бо маълумоти асосии умумӣ (синфи 9-ум) – 7 745 довталаб дохил шуданд.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, самтҳои талабгорашон нисбатан камтар барои довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) буда, нисбатан серталаб кластери панҷум (тиб, биология ва варзиш) мебошад.

Писандидатарин самтҳо барои тоҷикистониёни ҷавон “Эпидемиология”, “Андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” буда, озмун дар ин самтҳо барои 1 ҷой мутаносибан 364 нафар, 388 нафар ва 364 нафарро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи шумори довталабон ихтисосҳо дар бахши тиббӣ пешсафанд: “Кори табобатӣ” – зиёда аз 16 ҳазор нафар, “Педиатрия” – беш аз 12 ҳазор нафар.

Ҳамчунин дар таҳсили пулакӣ интихоби довталабон бештар ба таҳсили рӯзонаи риштаи “Кори табобатӣ” – 8 252 нафар рост омадааст.

Қобили зикр аст, ки бо назардошти дархостҳои довталабон ба ихтисосҳо, сокинони Тоҷикистон бештар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд.

Чанде пеш”Азия-Плюс” дар кӯчаҳои пойтахт дар мавриди кадом кишварҳои хориҷиро интихоб кардани довталабони тоҷик барои таҳсил назарпурсии видеоӣ гузаронид. Тавре ки интизорӣ мерафт, дар зинаи аввал Русия қарор гирифт. Довталабони мо инчунин дар Олмон, ИМА, Кипр ва Ӯзбекистони ҳамсоя низ таҳсил кардан мехоҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.