Раҳмон ва Путин дар Тоҷикистон 5 мактаби русиро боз карданд

Asia-Plus

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 1 сентябр ба таври маҷозӣ (алоқаи видеоӣ) ба фаъолияти 5 мактаби таҳсилашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Намоиши маросим дар медиаплатформаи “Смотрим” намоиш дода шуд.

Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон барои таҳкими ҷойгоҳи забони русӣ дар ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

“Амалисозии ин иқдомҳои муҳим бе таваҷҷуҳи роҳбарияти Тоҷикистон, аз ҷониби президент ғайриимкон буд. Барои ин ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмон, ба ҳамаи дӯстону ҳамкорони тоҷикамон миннатдории самимӣ баён намуда, бахусус ба онҳо барои кумаку дастгирӣ дар ҳифзу таҳкими мавқеъи забони русӣ дар Тоҷикистон ташаккур мегӯям”, – гуфт Путин дар маросими ифтитоҳи мактабҳо, ки тариқи алоқаи видео-конфронс баргузор шуд", – таъкид дошт президенти Русия.

Президенти Русия ба хонандагони мактабҳои нав комёбиҳо дар таҳсил, амалисозии орзуҳо ва кашфиёти нав таманно кард.

Дар навбати худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросим зикр кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.

“Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар маҷмӯъ, мехоҳам зикр намоям, ки Точикистон ба инкишофи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Русия манфиатдор мебошад. Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ чораҳои зарурӣ андешад”, – иброз дошт ӯ.

Ӯ изҳори итминон кард, ки падарону модарон ва худи хонандагон аз чунин туҳфа дар Рӯзи дониш, ки дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон таҷлил мегардад, самимона шоданд.

Ёдрас мекунем, ки мактабҳо бар асоси ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар бунёд гардида, Русия барои сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ 150 млн доллар маблағ ҷудо кард.

Ба мактабҳо номи қаҳрамонҳо ва ходимони фарҳанги Русия гузошта шудаанд. Мактаб дар Душанбе ба ифтихори аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин, Бохтар – олим  М.В.Ломоносов, Хуҷанд – адиб А.П.Чехов, шаҳри Турсунзода – олими рус Дмитрий Менделеев ва Кӯлоб – олими соҳаи маорифи Русия К.Д.Ушинский номгузорӣ шудаанд.

Таҳсил дар мактабҳо ба меъёрҳои федералии давлатии таълими Русия мутобиқ хоҳад буд. Ҷадвали ҷараёни хониш ба мактабҳои Тоҷикистон монанд буда, лекин аз лиҳози шумори ҳафтаҳои таҳсил тағйирот ҷой дошта метавонад.

Мактабҳо бо воситаҳои муосири таҳсил муҷаҳҳазанд. Таълим бо забони русӣ сурат мегирад. Ба номгӯи фанҳо инчунин фанҳои дорои ҷанбаи миллӣ – омӯзиши забони давлатии Тоҷикистон, таърихи халқи тоҷик ва ҷуғрофияи кишвар низ дохил карда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...