Дар Тула 3 муҳоҷир барои лату кӯби кормандони пулис ҷазо мегиранд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Заречйеи шаҳри Тулаи Русия хулосаҳои айбномаро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 3 муҳоҷир, ки ба лату кӯби кормандони пулис айбдор карда мешаванд, тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти прокуратура хабар медиҳад.

“Онҳо ба содир намудани ҷинояти дар қисми 1, моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия пешбиншуда (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) гумонбар дониста мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 22 июл онҳо дар шаҳраки Октябрск дар ҳолати мастӣ қарор дошта, баъди эроди кормандони пулис дар мавриди риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо мушту лагад ба онҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа кормандони пулис осеби ҷисмонӣ бардоштаанд.

Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат 3 муҳоҷир ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия фиристода шудаанд.

Аз дигар ҷузъиёти қазия хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ВАО-и Русия зикр мекунанд, ки айбдоршавандагон – 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Тасдиқи хабари ВАО дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳоло муяясар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи август 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои лату кӯби кормандони пулис дар Маскав ба муҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...