Куштори Муҷибурраҳмон Ансорӣ. Шарҳи Толибон*

Террори Муҷибурраҳмон Ансорӣ, рӯҳонӣ ва воизи масҷиди Ҳиротро Толибон* ба гурӯҳи ДОИШ иртибот доданд ва омилашро "мавқеъгириҳои ӯ дар баробари низоми исломӣ” маънидод карданд. Муҷибурраҳмон Ансорӣ пеш аз намози ҷумъа, аз ҷониби нафаре, ки барои дастбӯсиаш омада буд, террор карда шуд ва ҳамроҳ бо ӯ 46 нафар кушта, 86 тани дигар захмӣ гардиданд.   Мо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Террори Муҷибурраҳмон Ансорӣ, рӯҳонӣ ва воизи масҷиди Ҳиротро Толибон* ба гурӯҳи ДОИШ иртибот доданд ва омилашро "мавқеъгириҳои ӯ дар баробари низоми исломӣ” маънидод карданд.

Муҷибурраҳмон Ансорӣ пеш аз намози ҷумъа, аз ҷониби нафаре, ки барои дастбӯсиаш омада буд, террор карда шуд ва ҳамроҳ бо ӯ 46 нафар кушта, 86 тани дигар захмӣ гардиданд.

 

Мо ба ӯ муҳофизон, мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳ додем

Толибон* дар як баёния аз марги Муҷибурраҳмон Ансорӣ изҳори таассуф карданд ва гуфтанд, “дар ҳама маросиму гирдиҳамоии ӯ муҳофизон, мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳа ва нерӯҳои изофии амниятӣ дода мешуд ва минтақа аллакай таҳти ҳимояти амниятӣ қарор гирифта буд”.

“Ба шӯъбаи истихборот ва дигар ниҳодҳои амниятӣ дастур дода мешуд, ки ба амният ва дахлнопазирии соҳиб Ансорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд”, – менависанд дар баёния.

Дар ин изҳорот Толибон* террори Ансориро "ба далели нуфузи ӯ" ва "мавқеъгириҳояш дар баробари низоми исломӣ” шарҳ додаанд.

Ҳарчанд то ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Ҳиротро бар ӯҳда нагирифтааст, Толибон* қатли Муҷибурраҳмон Ансориро ба таври возеҳ ба гурӯҳи ДОИШ иртибот дода, омили онро “истодагариҳои пайиҳамаш дар баробари Хавориҷ” номидаанд.

Толибон* ҳамчунин, ба уламои ин кишвар тавсия додаанд, ки “тадбирҳои зарурӣ” биандешанд, дар акси ҳол, “ҷилавгирии чунин ҳамлаҳо кори душвор аст”.

 

Вокунишҳо ба террори Ансорӣ

Муҷибурраҳмон Ансорӣ бори охир субҳи рӯзи ҷумъа дар паҳлӯи Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири Толибон* дида шуд. Ин мақоми баландпояи Толибон* яке аз аввалинҳое буд, ки террори Ансориро маҳкум кард.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳати миллӣ ҳам, бидуни зикри номи Муҷибурраҳмон Ансорӣ, кушторро маҳкум намуданд.

Нураҳмад Исломҷор, волии Толибон* дар Ҳирот гуфт, ки “Толибон* интиқоми хуни оқои Ансориро хоҳанд гирифт”.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул, Намояндаи вижаи Аврупо, Созмони Давлатҳои Ислом ҳам ин ҳамларо маҳкум карданд.

Муҷибурраҳмон Ансорӣ чаҳорумин рӯҳонии наздик ба Толибон аст, ки дар тӯли камтар аз ду моҳ дар Афғонистон кушта шуд.

 

Муҷибурраҳмон Ансорӣ кӣ буд ва чӣ мегуфт?

Муҷибурраҳмон Ансорӣ дар соли 1982 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон ба дунё омада, таҳсили ибтидоии динии худро дар мактаби "Дорулулуми Ансор"-и ин шаҳр гирифтааст.

Ансорӣ ба ҷуз Ҳирот, дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ тарафдорон ва мухолифони худро дошт ва аз мунтақидони сарсахти сохти ҷумҳурӣ, бавижа дар солҳои ахир буд.

Номи Муҷибурраҳмони Ансорӣ пас аз соли 2011 дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гардид, ки монеи баргузории консерти овозхоне дар Ҳирот шуд.

Солҳои гузашта хатиби масҷиди ҷомеъ, масъули мактаби "Дорулулуми Ансор" ва радиои "Ансор" низ буд.

Пас аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби Толибон* Ансорӣ ба ситоиши ин гурӯҳ шурӯъ кард.

Муҷибурраҳмони Ансорӣ дар нишасти бузурги уламои дин, ки моҳи июли соли 2022 аз сӯи Толибон* дар Кобул баргузор шуд, гуфта буд, “низоми Толибон* ва фазои амнияти кунунӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва мухолифони низоми феълӣ дар муқобилаш бояд кӯчактарин ҳаракатро анҷом надиҳанд”.

Дар ин дидор ӯ ҳамзамон хостори фатвои "сар задан"-и мухолифони ҳукумати Толибон* шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.