Масъулияти таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобулро “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт

Date:

Гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар шабакаи Telegram-и худ изҳор намуданд, ки дар таркиши назди сафорати Русия дар Кобул онҳо даст доранд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.

Созмони террористии “Давлати исломӣ” сурати шахси маргталабро, ки ин амали террористиро анҷом дод, нашр кард.

Дар изҳороти гурӯҳ гуфта мешавад, ҷангии онҳо “камарбанди маргталабро дар маҷлисе назди сафорат, ки дар он кормандони Русия ҳузур доштанд, тарконидааст”.

Ёдрас мекунем, ки 5 сентябр назди даромадгоҳ ба шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Кобул як ҷангии номаълум дастгоҳи таркандаро ба кор даровард, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла ду дипломати русиягӣ ва 4 толиб ҳалоку 10 каси дигар осеб диданд.

Хадамоти амнияти “Толибон” уҳдадор шуданд, ки барои таъмини амнияти сафорат тадбирҳои бештари ҷиддӣ рӯйи даст мегиранд.

Мақомоти пулис хабар додаанд, ки ҳамлагар замони наздик шудан ба дарвоза аз ҷониби посбонони мусаллаҳ парронида шудааст. Ин яке аз нахустин чунин ҳамлаҳо аз замони сари ҳокимият омадани толибон дар соли гузашта мебошад.

Дар Кремл ҳалокати кормандони сафоратро дар Кобул амали террористӣ унвон кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...