Фаъолони Қирғизистон зидди сафарҳои ҳунарии ҳунармандони Русия эътироз карданд

Чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯзи 5 сентябр дар назди бинои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон алайҳи консертҳои пешбинишудаи ҳунармандони маъруф аз Русия, аз ҷумла консерти овозхони писандидаи ин кишвар Филипп Киркоров даст ба эътироз заданд. Дар ин бора портали Centralasian.org хабар медиҳад. Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ондуруш Тӯхтаносиров (Токтонасиров), рӯзноманигор Замир Осоров, […]

Asia-Plus

Чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯзи 5 сентябр дар назди бинои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон алайҳи консертҳои пешбинишудаи ҳунармандони маъруф аз Русия, аз ҷумла консерти овозхони писандидаи ин кишвар Филипп Киркоров даст ба эътироз заданд. Дар ин бора портали Centralasian.org хабар медиҳад.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ондуруш Тӯхтаносиров (Токтонасиров), рӯзноманигор Замир Осоров, инчуин роҳбари созмони «Борьба за мир» (Мубориза барои сулҳ) Валерий Булашов аз ҷумла гирдиҳамомадагон мебошанд.

“Мо зидди ҷанг ҳастем. Ва зидди ба Қирғизистон омадани сарояндагон аз кишвари таҷовузгар”, – изҳор доштааст Тӯхтаносиров.

Баргузории консерти овозхони Русия Филипп Киркоров дар Бишкек рӯзи 3 ноябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

“Ман террорист нестам ва ҷангро таблиғ намекунам, шаҳрванди қатории фаъоли Қирғизистон мебошам ва ба омадани ҳунармандони Русия муқобилам, ки аз ҷанг дар Украина дастгирӣ мекунанд… Ман зидди даъвати гурӯҳи “Город-312” дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон будам. Чаро маҳз онҳоро даъват карданд? Чаро София Ротаруро даъват накарданд… Даъвати ҳунармандоне, ки ҷангро дастгирӣ мекунанд, чӣ лозим аст. Президенти мо Садир Жапаров изҳор намуд, ки Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол мекунад, ба ин тариқ усули (принсипи) бетарафӣ риоя намешавад…”, – гуфтааст Тӯхтаносиров.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.