НАВШУДА. Ҳалокати як нафар дар пайи таркиши мошини ҳомили газ дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки мошини ҳомили газ ба автобуси ширкати Asian Express, ки мусофиронро ба Хуҷанд мебурд, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини интиқолдиҳандаи газ ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, тибқи иттилои КҲФ “дар дохили автобус мусофирони зиёд буданд ва ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафар маҷруҳ шудаанд”. “Ҳоло интиқоли мусофирон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки мошини ҳомили газ ба автобуси ширкати Asian Express, ки мусофиронро ба Хуҷанд мебурд, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини интиқолдиҳандаи газ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилои КҲФ “дар дохили автобус мусофирони зиёд буданд ва ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафар маҷруҳ шудаанд”. “Ҳоло интиқоли мусофирон аз автобус идома дорад", – гуфтанд аз КҲФ.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар километри 46-уми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар натиҷаи садама, мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ таркидааст. Аз ин сабаб, дар айни ҳол роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан баста аст.

Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навишт, ки ҳодиса субҳи имрӯз, 6-уми сентябр, рух дода, нақлиёти интиқолдиҳандаи гази моеъ бинобар аз кор баромадани дастгоҳи боздорандаи ҳаракат (тормоз) ба садама дучор шудааст ва дар натиҷа, таркиш ба амал омадааст.

“Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид”, – омадааст дар иттилоя.

Дар бораи то кай баста будани роҳ ба таври мушаххас хабар дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.