Қотил ва таҷовузгари духтари 14-сола 29 сол зиндонӣ шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Владимир Шерстнёв, як сокини шаҳри Душанбе, ки моҳи феврали соли равон бо гумони таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир шуда буд, 29 сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки Шерстнёв бо моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят), 138 қисми 3 банди “а” (сӯиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба сини  чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ нисбати шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳукми ӯ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ содир шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, 28 феврали соли 2022, ҷинояткор дар ҳоли мастӣ ноболиғи хурдсол Марҳабо Ғоибназарова, ки дар якҷоягӣ бо модараш дар хонаи ӯ зиндагӣ мекард, дар манзили зисти шаҳрванд Ҷаҳонгир Юсупов, ки Шерстнёв дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғӣ карда мекушад ва байни кӯрпаҳо пинҳон мекунад.

“Баъдан либосҳои аз танаи марҳум Ғобиназарова М.М. кашидаро бо худ гирифта, ҷасадро дар зери кӯрпаҳо пинҳон намуда, дари хонаро махкам карда, ба самти корхонаи Сабзазоркунӣ рафта, либосҳои марҳумро дар онҷо партофтааст. Худаш бошад, дигар ба ин манзил нарафтааст”,- гуфта мешавад дар иттиллоияи Додситонии кул.

Бори нахуст дар мавриди ин ҳодисаи “Азия-Плюс” хабар дода, навишта буд, ки рӯзи 10 март сокини кӯчаи Қаҳҳоров 149 дар ҳамсоягии худ ҷасади як духтари 14-соларо дар миёни рахти кӯрпаҳо дарёфт кардааст.

Ду рӯз пас, ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят, шаҳрванди 40 – сола Шерстнёв Владимир Илич дастгир гардид.

Ин ниҳод афзуд, ки Шерстнёв ҷиноятро 28 феврал содир карда, ҷасади духтарро 10 рӯз пас – 9 – уми март бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар байни кӯрпаҳо пайдо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир ҳодисаҳои пурсарусадои таҷовуз ва қатли ноболиғон дар кишвар зиёд садо медиҳад. Аз ҷумла, аввали моҳи июли соли 2021 сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваи 7-сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, кушта шуд.  Рӯзи дигар ҷасади пурзахму пора-порашудаи ӯро дарёфтанд. Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, зикр шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост намуданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад. Гумонбари ин ҳодиса, бо қарори додгоҳ ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон гумонбар ба таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросонро ба ҳукми абад маҳкум кард.  Гуфта мешуд, ки 16 августи соли 2021 сокини 45-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов ба номуси духтари 9-солаи маҳаллӣ дастдарозӣ намуда, сипас барои пинҳон кардани аломатҳои ҷиноят кӯдакро буғӣ карда куштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...