Таркиши назди сафорати Русия дар Кобул: Суҳбати Лавров ва Муттақӣ

Пас аз таркиш дар назди консулгарии сафорати Русия дар Кобул Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия суҳбати телефонӣ анҷом додааст. “ToloNews” бо истинод ба ҳарфи муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон гуфтааст, ки Амирхон Муттақӣ бо Сергей Лавров таркиш дар назди консулгарии Русия до Кобулро баррасӣ […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Пас аз таркиш дар назди консулгарии сафорати Русия дар Кобул Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

“ToloNews” бо истинод ба ҳарфи муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон гуфтааст, ки Амирхон Муттақӣ бо Сергей Лавров таркиш дар назди консулгарии Русия до Кобулро баррасӣ карда, “итминон додааст, ки талошҳо барои таъмини амнияти сафоратхонаи ин кишвар афзоиш хоҳанд ёфт”.

“Амирхон Муттақӣ гуфт, ки мо набояд иҷоза диҳем то чунин амалҳои манфии душман дар равобити наздик ва мусбати ду кишвар таъсири манфӣ гузорад», – менависад “ToloNews”.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи таркиши 5-уми сентябр дар наздикии консулгарии Русия дар Кобул шаш нафар, аз ҷумла ду нафар корманди сафорати ин давлат ба ҳалокат расида, чандин нафари дар он макон ҳузурдошта захмӣ шуданд. Масъулияти таркишро Давлати исломӣ* ба зимма гирифт.

Фармондеҳи амнияи Кобул дар шарҳи ин таркиш гуфтааст, ки “маргталаб мехост худашро дар миёни мардум тарконад, аммо пеш аз расидан ба ҳадаф аз сӯи нерӯҳои Иморати исломӣ аз пой афтонида шуд”.

Зикр карда мешавад, ки фаъолияти консулгарии Русия дар Кобул барои муҳлати номаълум қатъ гардидааст.

Ёдовар мешавем, Русия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон* бо ин гурӯҳ ҳамкории наздикро идома дод ва чанд маротиба намояндагони ин гурӯҳро ба Маскав даъват кардаву дипломати онҳоро барои фаъолият дар Маскав пазируфт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.