Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади духтарчае, ки дирӯз меҷустанд, пайдо шуд

Имрӯз ҷасади духтарчаи хурдсол Руфейда Иноятова, ки дирӯз бедарак шуда буд, дарёфт гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як хеши ӯ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, духтарча нимаи дуюми дирӯз бедарак шуда, имрӯз ҷасадаш пайдо шуд. Ӯ илова намуд, ки онҳо аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар надошта, милитсия ҳодисаро таҳқиқ мекунад. “Танҳо ҳаминро медонем, ки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз ҷасади духтарчаи хурдсол Руфейда Иноятова, ки дирӯз бедарак шуда буд, дарёфт гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як хеши ӯ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, духтарча нимаи дуюми дирӯз бедарак шуда, имрӯз ҷасадаш пайдо шуд. Ӯ илова намуд, ки онҳо аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар надошта, милитсия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

“Танҳо ҳаминро медонем, ки ӯро каме дуртар аз хона куштаанд… Руфайда баъди чанд рӯз 8-сола мешуд”, – изҳор дошт зан.

Навиштаро дар бораи гум шудани духтарча холаи ӯ Саида Иноятова нашр кард. Зикр шуда буд, ки Руфайда дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва аз манзил ба ҳоҷатхона баромада (дар кӯча воқеъ аст) дигар бедарак шудааст.

Мувофиқи ин навишта, дар паҳлӯи хона роҳи Душанбе – Шарорамегузарад.

Имрӯз Саида Иноятова дар саҳифаи худ навишт, ки духтарчаро мурда дарёфт кардаанд.

“Дар ҳаққаш дуо кунед. Ба бародараму ҳамсараш, бибӣ ва хоҳаронаш сабри ҷамил металабам. Ба ҳамаи касоне, ки худро канор нагирифтанд, изҳори миннатдорӣ мекунам! Барои дастгириву дуоҳоятон!”, – навиштааст ӯ.

То замони нашри хабар ба “Азия-Плюс” муссар нагардид, ки аз шуъбаи милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин хусус маълумот дастрас намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.