Далер Назаров ҳам ба коронавирус сироят шудааст

Оҳангсоз ва овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров аз коронавирус сироят гирифтааст. Як хеши ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки “овозхон худро хуб ҳис карда, дар хонааш муолиҷа мегирад”. “Маълум нест, ки аз куҷо сироят гирифтааст, чунки пеш аз бемор шуданаш ба Хуҷанд ва сипас ба Бадахшон рафта буд”, – гуфт манбаъ. Аз маълумот додан дар […]

Оҳангсоз ва овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров аз коронавирус сироят гирифтааст. Як хеши ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки “овозхон худро хуб ҳис карда, дар хонааш муолиҷа мегирад”.

“Маълум нест, ки аз куҷо сироят гирифтааст, чунки пеш аз бемор шуданаш ба Хуҷанд ва сипас ба Бадахшон рафта буд”, – гуфт манбаъ.

Аз маълумот додан дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуда, акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 32 нафар шифо ёфтаанд.

Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус афзуд. Давоми ду рӯз боз як нафар фавтида, теъдоди умумии фавтидагон ба 93 нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.