Ҳушдории Агентии обуҳавошиносӣ: аз 6 то 10-ми июл то 48 дараҷа гарм мешавад

Дар давраи рӯзҳои аз 6 то 10 июл дар ҷумҳурӣ бинобар ворид шудани ҳавои хушку гарм аз минтақаҳои ҷанубу ғарб эҳтимолияти баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои дар водӣ қарордошта 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа гарм мешавад. Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то […]

Дар давраи рӯзҳои аз 6 то 10 июл дар ҷумҳурӣ бинобар ворид шудани ҳавои хушку гарм аз минтақаҳои ҷанубу ғарб эҳтимолияти баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои дар водӣ қарордошта 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин давра бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон аз эҳтимол дур нест.

Зикр мегардад, ки дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ эҳтимолияти сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.

Ду рӯзи наздик дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, баъзан вазиши шамол босуръат мешавад.

Қаблан Агентии обуҳавошиносӣ хабар дода буд, ки шурӯъ аз рӯзи душанбе ҳарорат як-ду дараҷа боло меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки то 6 июл бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии ВМКБ фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.