Роҳхатҳои олимпии Тоҷикистон 11-то шуданд. Писари Бег Сабур ҳам соҳиби роҳхат шуд

Сиёвуш Зуҳуров, муштзани маъруфи тоҷик ва писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар риштаи бокс соҳиби роҳхати олимпии Бозиҳои Олимпиадаи Токио -2020 шудааст. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Сиёвуш Зуҳуров  роҳхати 11-уми олмипии Тоҷикистон аз ҳисоби радабандии қоравӣ ба даст овардааст.  Сиёвуш Зуҳуров 28-сола дорад ва соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон мақоми аввалро касб […]

Asia-Plus

Сиёвуш Зуҳуров, муштзани маъруфи тоҷик ва писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар риштаи бокс соҳиби роҳхати олимпии Бозиҳои Олимпиадаи Токио -2020 шудааст.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Сиёвуш Зуҳуров  роҳхати 11-уми олмипии Тоҷикистон аз ҳисоби радабандии қоравӣ ба даст овардааст. 

Сиёвуш Зуҳуров 28-сола дорад ва соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда буд. Ӯ, моҳи майи имсол, ҳамчунин дар рақобатҳои қаҳрамонии бокси Осиё дурахшиши хубе дошт ва ба мақоми панҷум расид.Ҳамчунин дастовардҳои дигаре аз чанд мусобиқоти байнулмилалии бокс дорад.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва падари Сиёвуш аз соли 2015 раиси Федератсияи бокси кишвар аст. Бег Сабур соҳиби чаҳор писар мебошад ва Сиёвуш писари дуввуми ӯст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.