Ҳалокати ду нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Алимшоҳ Меҳрзода, “Asia-Plus”

Мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини деҳаи  Лакати шаҳри Истаравшан таалуқ дорад, рӯзи 9-уми сентябр, дар километри 66-и роҳи Душанбе – Чаноқ, ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаши сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

"Дар натиҷаи ин садама ду мусофири мошини «Mercedes-Benz», ки яке 64-сола ва дуюмӣ 79-сола буда, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мебошанд, ба ҳалокат расиданд", – омадааст дар хабар.

Сабаби садама маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд ҳангоми рӯбарӯ омадан ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст, менависад сомонаи КҲФ.

Мусофири дигар, ки зода ва сокинони Истаравшан мебошанд, бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд. 

Сабаби ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...