Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи “Истиқлол” чиро дар бар мегирад?

Маҷмааи “Истиқлол” 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 […]

Маҷмааи “Истиқлол” 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонон ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми маҷмаа Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки  аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар он ҷо табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд.

Яке аз ҷойҳои ҷолиби маҷмаа майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14, дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.