Нархи неруи барқ дар Тоҷикистон чӣ қадар боло рафт?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ ба андозаи 16,9% – аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло мераванд.

Дар замима ба қарори ҳукумат, ки 31 августи соли равон қабул шуд, дар ин бора маълумот дода мешавад.

Арзиши барқ барои 8 категорияи истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) боло меравад. Ин ширкат мисли мисли пешин барои 1 киловатт-соат аз 1 май то 30 сентябр 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел – 11,80 дирам маблағ пардохт мекунад.

Арзиши барқ барои дигар корхонаи саноатии истеъмолгар аз 55,14 дирам то ба 60,65 дирам зиёд мешавад.

Таърифаҳо барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба монанди аҳолӣ аз 22,66 дирам то 26,51 дирам боло меравад.

Арзиши барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр 9,2 дирам (пештар амалкунанда – 7,87 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март – 26,51 дирам (пештар – 22,66 дирам)-ро ташкил хоҳад дод.

Нархи барқ барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ аз 7,87 дирам то 9,2 дирам, барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – аз 10,76 дирам то 12,6 дирам зиёд карда мешавад.

“Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр барои 1 киловатт-соат 10,64 дирам (пешина – 9,68 дирам) ва аз 1 октябр то 30 апрел – 60,65 дирам (пешина – 55,14 дирам) пардохт мекунад.

Нархи барқ барои муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ намешаванд, аз 1 октябр аз 40,37 дирами ҳозира то 45,51 дирам боло бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...