Нархи нерӯи гармӣ ҳам дар Тоҷикистон аз 1 октябр боло меравад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, дар баробари таърифаҳо (тарифҳо)-и нав ба неруи барқ, таърифаҳо ба нерӯи гармӣ низ тасдиқ шуданд.

Мувофиқи қарори қабулшуда, таърифаҳои тасдиқшуда аз 1 октябри соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегиранд, лекин бархилофи таърифаҳо ба нерӯи барқ, онҳо бетағйир боқӣ мемонанд.

Ба ин тариқ, “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе”  барои 1 гигакалория (Гкал) нерӯи гармӣ ба истеҳсолкунандагони он – Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) ба мисли ҳозира 17 сомонӣ пардохт мекунад.

Аҳолӣ (истеъмолгарони маишӣ) барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил чун дар мавсими гузашта ба муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” 1,18 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Гармидиҳии мутамарказ барои ташкилотҳои буҷетӣ барои 1 Гкал неруи гармӣ аз 1 октябр дар сатҳи 98,67 сомонӣ ва боқимонда дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ боқӣ мемонад.

Таърифаҳо ба нерӯи гармӣ дар Тоҷикистон бори охир 1 сентябри соли 2018 зиёд шуда буданд. Арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолӣ он замон барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил аз 1,03 сомонӣ то ба 1,18 сомонӣ боло рафта буд.

Дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи гармӣ танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ҳамин ҳол, танҳо як қисмати шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.

Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Неруи гармӣ дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳи Душанбе” ва “МБГ Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2022 дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки зимистони имсол 220 иншооти нав ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст карда шавад.

Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 ба 2 ҳазору 762 иншоот дар Душанбе гармӣ интиқол дода шуд, ки 200 иншоот зиёдтар нисбат ба мавсими пешина буд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли равон арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 17% боло бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...