Зиёрати оромгоҳи Ислом Каримов. Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон сафар кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд президенти Тоҷикистонро сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, ташрифи Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.

Зикр мегардад, ки дар ин маросим президенти Тоҷикистонро намояндагони олимақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.