“Дар шикам, дил ва тахтапушташ корд зад”. 10 соли зиндон барои куштори қудо

Аюб Якибов, як сокини ниҳояи Айнӣ дар куштори бераҳмонаи қудояш Розия Холова гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, субҳи 14-уми июн, Аюб Якибов бо ғаразҳои шахсӣ қудояш Розия Холоваро ба қисмати шикам, дил ва тахтапушташ корд зада, […]

Аюб Якибов, як сокини ниҳояи Айнӣ дар куштори бераҳмонаи қудояш Розия Холова гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, субҳи 14-уми июн, Аюб Якибов бо ғаразҳои шахсӣ қудояш Розия Холоваро ба қисмати шикам, дил ва тахтапушташ корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Розия Холова бар асари ҷароҳатҳои зиёди бардоштааш, дар роҳ ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон -1, ба ҳалокат расидааст.

Тавре дар хабар гуфта мешавад, ангезаи аслии куштори Холова Розия аз ҳам ҷудо шудани писари ин зан бо духтари Аюб Якибов будаст. Ин зан писараш Холов Меҳваршоро соли 2018 бо Шоистаи Аюб, духтари Аюб Якибов оиладор мекунад ва пас аз ду сол, бинобар нофаҳмиҳо, онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд.

Аз ҳам пошидани оилаи духтараш боиси ғазаби Аюб Якибов гашта, ӯ нақшаи куштори Розия Холоваро мекашад.

14-уми июни соли 2022, Аюб Якибов бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии Холова Розия меравад ва ӯро ба қатл мерасонад.

Ҳамин тавр, бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ аз 2-юми августи соли 2022, Аюб Якибов дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ва ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.