Идомаи ҷанг дар Панҷшер. Муовини фармондеҳи Толибон* дар минтақа кушта шуд

Мавлавӣ Ҳорун, муовини мулло Абдулқаюм Зокир, масъули баландпояи низомии Толибон дар минтақаҳои Панҷшер ва Андароб кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" Афғонситон хабар медиҳад. Ба навиштаи ин рӯзнома, Мавлавӣ Ҳорун, 14-уми август, дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер кушта шудааст. Мулло Абдулқаюм Зокир ҳамонест, ки ҳамагӣ […]

Мавлавӣ Ҳорун, муовини мулло Абдулқаюм Зокир, масъули баландпояи низомии Толибон дар минтақаҳои Панҷшер ва Андароб кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" Афғонситон хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Мавлавӣ Ҳорун, 14-уми август, дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер кушта шудааст.

Мулло Абдулқаюм Зокир ҳамонест, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз ҷониби роҳбарияти Толибон масъули низомӣ барои Панҷшеру Андароб таъйин гардид ва муқовимат бо Ҷабҳа яке аз вазифаи аслии ӯ муаррифӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Толибон то ҳол дар бораи куштори яке аз қумандонҳои шинохтаи худ аз дасти Ҷабҳа шарҳе ироа накардаанд.

Гуфтан ба маврид аст, чанде пештар Толибон бо эътирофи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва задухӯрдҳои шадид дар Панҷшер, фармондеҳи низомии вежаи худро барои Панҷшеру Андароб таъйин карданд.

Намояндагони Ҷабҳа ва Толибон эътироф карданд, ки ҳоло дар Панҷшеру Андароб ҷангҳои шадид идома дорад. Масъулини низомии Толибон дар ин минтақаҳо, барои муқовимат бо ҷанговарони Ҷабҳа, аз роҳбарияти худ фиристодани ҳазорҳо нерӯро хоҳиш карданд.

Тайи рӯзҳои охир ҳар ду ҷониб аз куштаву захмӣ шудани даҳҳо асокири душман хабар паҳн мекунанд.

Дар робита ба шеваи ҷангҳои ахир дар Панҷшер намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид изҳори ташвиш карда, ба бахши форсии BBC гуфтаанд, ки Толибон бо поймол кардани муқаррароти байналмилалӣ асирони ҳарбиро ба қатл расонидаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.