Сарбози дуввуми кушташударо дар Бохтар ба хок супориданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 15-уми сентябр, Аслан Менеқулови 19-сола, сарбози дуввуми кушташуда дар муноқишаи марзии рӯзи 14-уми сентябри соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар, ба хок супориданд. Дар ин бора бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар хабар додааст.

Манбаъ бо нашри як акс аз маросими бахоксупории ин сарбоз навиштааст, ки Аслан Менеқулов зимни адои хизмати ҳарбӣ, баҳри ҳимояи хоки Ватан, дар хати сарҳади шаҳри Исфара, дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ ҳалок гардад.

Гуфта мешавад, ки Аслан Менеқулов 3-юми  августи соли 2003, дар шаҳри Бохтар, ба дунё омада, соли 2021 ба артиш ҷалб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Сафаралии Ҳасани 23-сола, сарбози дигари кушташуда дар пайи тирпаронии рӯзи 14-уми сентябро дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ ба хок супориданд.

Гуфта мешуд, ки Сафаралӣ тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафтаву то анҷоми муҳлати хидматаш ду ҳафта боқӣ монда буд.

Дар бораи ин ду марзбони кушташуда ҷузъиёти бештар дода намешавад.

Дафни ду сарбози кушташуда дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки бар асари он, то зӯҳр як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...