КДАМ-и Тоҷикистон бори дигар аз нақзи оташбас ва тирпаронии сарбозони қирғиз хабар дод

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон субҳи имрӯз, 17-сентябр, бо нашри изҳороти навбатӣ гуфт, ба соати 10:00 вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан муътадил аст, вале нақзи созиши оташбас дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби сарбозони қирғиз дида мешавад. Дар изҳороти ин ниҳод, ки дар АМИТ "Ховар" нашр шуд, гуфта мешавад, ки сарбозони қирғиз аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва […]

Asia-Plus

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон субҳи имрӯз, 17-сентябр, бо нашри изҳороти навбатӣ гуфт, ба соати 10:00 вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан муътадил аст, вале нақзи созиши оташбас дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби сарбозони қирғиз дида мешавад.

Дар изҳороти ин ниҳод, ки дар АМИТ "Ховар" нашр шуд, гуфта мешавад, ки сарбозони қирғиз аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ мекунанд.

– Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад,- омадааст дар изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ин ниҳод гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст