Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона даъват мекунад

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) аз афзоиши амалиёти ҷангӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва оқибатҳои башардӯстонаи он, аз ҷумла таъсири он ба ҳаёт ва амнияти аҳолии манотиқи марзӣ, изҳори нигаронӣ мекунад. "Ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ бояд тамоми чораҳои имконпазир барои пешгирӣ аз талафоти тасодуфии аҳолии мулкӣ, осеби ғайринизомиён ва зарар ба объектҳои ғайринизомӣ андешида […]

Варақаи иттилоотӣ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) аз афзоиши амалиёти ҷангӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва оқибатҳои башардӯстонаи он, аз ҷумла таъсири он ба ҳаёт ва амнияти аҳолии манотиқи марзӣ, изҳори нигаронӣ мекунад.

"Ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ бояд тамоми чораҳои имконпазир барои пешгирӣ аз талафоти тасодуфии аҳолии мулкӣ, осеби ғайринизомиён ва зарар ба объектҳои ғайринизомӣ андешида шаванд. Риояи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ӯҳдадории тарафҳои низоҳои мусаллаҳона мебошад", – гуфт Сангита Кениг, сардори намяндагии минтақавии КБСС дар Осиёи Миёна. "КБСС вазъро назорат мекунад. Якҷоя бо Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Қирғизистон ба эҳтиёҷоти башардӯстона посух медиҳад ва ба ғайринизомиёне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, кӯмак хоҳад кард."

КБСС ба тарафҳои даргир хотиррасон мекунад, ки онҳо бояд ҳамеша байни ғайринизомиён ва ҷангиён тафовут гузоранд. Бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ дод, ки ба аҳолӣ, моликият ва инфраструктураи гражданӣ зарар расонида нашавад. Кормандони тиб ва муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо танҳо ӯҳдадориҳои кӯмаки тиббӣ гузошта шудаанд, бояд дар ҳама ҳолатҳо эҳтиром ва ҳифз карда шаванд. Истифодаи аслиҳае, ки табиатан табъиз аст, манъ аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.