ИМА аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро риоя кунанд

Asia-Plus

Вазорати  корҳои хориҷии Амрико аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро дар марз риоя кунанд.

Тавре ки Report хабар медиҳад, дар изҳороти котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс зикр шудааст, ки ҷонибҳо бояд талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд.

"Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем,- омадааст дар изҳороти  Нед Прайс.

Муноқишаи навбатии мусаллаҳона байни хизматчиёнии ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи байни ду кишвар 14 сентябр оғоз шуд. Ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба оғози муноқиша ва истифода аз силоҳу муҳимот ва техникаи вазнини ҳарбӣ айбдор мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дода, онро “амали таҷовузкорона” номид. Инчунин Вазорат теъдоди кушташудагонро дар ҷараёни задухӯрдҳо 28 нафар арзёбӣ кард.

Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ дар изҳороти худ “ҳамлаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон”-ро амали таҷовузкорона хонд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...