ИМА аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро риоя кунанд

Вазорати  корҳои хориҷии Амрико аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро дар марз риоя кунанд. Тавре ки Report хабар медиҳад, дар изҳороти котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс зикр шудааст, ки ҷонибҳо бояд талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд. "Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. […]

Вазорати  корҳои хориҷии Амрико аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, ки оташбасро дар марз риоя кунанд.

Тавре ки Report хабар медиҳад, дар изҳороти котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс зикр шудааст, ки ҷонибҳо бояд талошҳои худро барои барқарории оромӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ дучанд кунанд.

"Хабари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моро нигарон кардааст. Чунин ҳолатҳо бештар ҷони мардумони ғайринизомиро дар хатар мегузорад ва мо ба хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардӣ баён мекунем,- омадааст дар изҳороти  Нед Прайс.

Муноқишаи навбатии мусаллаҳона байни хизматчиёнии ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи байни ду кишвар 14 сентябр оғоз шуд. Ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ба оғози муноқиша ва истифода аз силоҳу муҳимот ва техникаи вазнини ҳарбӣ айбдор мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дода, онро “амали таҷовузкорона” номид. Инчунин Вазорат теъдоди кушташудагонро дар ҷараёни задухӯрдҳо 28 нафар арзёбӣ кард.

Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ дар изҳороти худ “ҳамлаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон”-ро амали таҷовузкорона хонд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.