400 калимаи русиву англисӣ аз ёд кун! Вазорати маориф ҳамаро забондон карданӣ аст.

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илм хонандагону донишҷӯён ва ҳамаи омӯзгоронро уҳдадор кардааст, ки  то 1 январи соли 2023 400 калимаи русӣ ва англисӣ аз худ кунанд.

Аз вазорати маориф ва илм бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки фармоиши вазир дар ин бора таҳти №1337, аз 13 –уми сентябр, ба имзо расидааст.

“Дар асоси фармоиши вазир ҳамаи омӯзгорони мактабҳо, хонандагони санфҳои 5-11, донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар муваззафанд, ки то оғози соли нав 400 калимаи русӣ ва англисиро азёд кунанд”, – гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.

Ҳадафи фармоиши мазкур омӯзиши ҳарчӣ бештари забонҳои хориҷӣ аз ҷониби хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони кишвар, татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва донистану такмили забонҳои русию англисӣ зикр мегардад.

Гуфта мешавад, ки ба ин мақсад, вазорат дастури роҳнамои  “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро омода ва барои омӯзиш пешниҳод кардааст.

“Луғати мазкур 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст. Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни азёд кардани вожаҳо, шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад”, – омадааст дар сарсухани луғати мазкур.

Ин ниҳод аз ҳамаи роҳбарони макотиби миёна ва олӣ, омӯзгорон талаб кардааст, ки “зимни азёд кардани луғатҳо хонандагону донишҷӯёнро раҳнамоӣ ва назорат кунанд”.

Маълум нест, ки аз худ кардани луғатҳоро кӣ назорат ва барои иҷро накардани дастур чӣ чора андешида мешавад.

Аз вазорати маориф ҳам ба ин суоли “Азия-Плюс” посух надоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...