“Бишарифа аълохон буд”. Куштори духтараки 8 – сола аз ҷониби сарбозони қирғиз

Бишарифа Воҳидова, духтаракаи 8-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи сарбозони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, кушта шудааст. Дар ин бора шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, навиштааст, ки Бишарифа дар синфи 2 таҳсил мекард ва 16-уми сентябр дар пайи тирборони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби низомиёни қирғиз, кушта шудааст. “Бишарифа […]

Бишарифа Воҳидова, духтаракаи 8-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи сарбозони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, кушта шудааст.

Дар ин бора шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, навиштааст, ки Бишарифа дар синфи 2 таҳсил мекард ва 16-уми сентябр дар пайи тирборони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби низомиёни қирғиз, кушта шудааст.

“Бишарифа духтараки фаъолу аълохони синф буд. Хаёлоти рангине дошт, ки абадан хомӯш шуд. Дили ҳамаи мо, омӯзгорон реш – реш аст”, – навиштааст шуъбаи маорифи ноҳия.

Бишарифа сеюмин кӯдаке аст, ки куштори ӯ дар пайи ҳамлаи нерӯҳои қирғид ба хоки Тоҷикистон таъйид мешавад. Қаблан мақомоти тоҷик дар бораи кушта шудани Асмоахони 6 ва Имрони 5-сола иттилоъ дода буданд. Гуфта мешуд, ки ин ду кӯдаки тоҷик якҷо бо пайвандонашон дар натиҷаи тирборони мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз ҷониби сарбозони қирғиз, кушта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрванди кишвар дар ҷарёани ин даргириҳо хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.