Путин дар Русия қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандони Русия изҳор дошт, ки дар кишвар қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ эълон мешавад, ки аз 21 сентябр оғоз мегардад. Матни суханронии президент дар сомонаи Кремл нашр шудааст.

Ӯ гуфт, ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони дар захира қарордошта ва пеш аз ҳама, хидматро дар сафи қувваҳои мусаллаҳ адокарда, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи марбута даъват карда мешаванд.

“Шахсони даъватшуда қабл аз фиристодан ба қисмҳо, бо назардошти таҷрибаи амалиёти махсуси ҳарбӣ, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд”, – иброз дошт Владимир Путин.

Сарвари давлати Русия зикр кард, ки шаҳрвандони замони сафарбаркунӣ ба хидмати ҳарбӣ даъватшуда, як мақоми муайянеро соҳиб шуда, ҳамаи пардохтҳои барои хизматитчиёни тибқи қарордод пешбинишуда ба онҳо низ пардохт карда мешавад.

Тавре ки Путин изҳор намуда, амр дар бораи қисман сафарбарсозӣ тадбирҳои иловагиро дар самти фармоиши давлатӣ оид ба мудофи пешбинӣ мекунад.

Ҳамаи масоили марбут ба таъминоти моддӣ, захиравӣ ва молиявии корхонаҳои бахши мудофиа бояд аз ҷониби ҳукумат фавран ҳаллу фасл шаванд.

Путин ба русиягиҳо чӣ гуфт?

Қисман сафарбаркуниии ҳайати захираҳои ҳарбиро президенти Русия "як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар" номид.

“Мақсади кишварҳои Ғарб заъифу аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани мамлакати мост. Онҳо ошкоро мегӯянд, ки дар соли 1991 тавонистанд Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз ҳам пош диҳанд ва ҳоло вақти он расидааст, ки Русия ба бисёр минтақаҳои ҷангзада тақсим шавад. Мардуми Украина ба гӯшти хом табдил дода шудааст. Ҳамлаи бузургмиқёси навбатӣ ба Донбасс, ки қаблан ду бор рух дода буд ва сипас ҳамла ба Қрим ногузир буд. Аз ин рӯ, барои амалиёти пешгирикунанда тасмим гирифтан лозим омад”, – изҳор дошт Путин.

Ӯ зикр кард, ки дар дар амалиёти махсуси ҳарбӣ низомиёни касбӣ, ки тибқи шартнома хидмат доранд, иштирок мекунанд. "Дар сафи онҳо дастаҳои ихтиёрӣ низ меҷанганд: одамони миллату касбу кор ва синнусоли гуногун, ки  ватандӯстони ҳақиқӣ ҳастанд. Онҳо бо даъвати қалби худ ба ҳифзи Русия ва Донбасс бархостанд", – гуфт Путин.

“Ҷумҳурии мардумии Луганск аз миллатгароёни нав қариб пурра пок шуд. Задухӯрдҳо дар Ҷумҳурии мардумии Донетск идома доранд. Ин ҷо дар зарфи 8 сол ҳокимияти истилогари Киев хати зиёди истеҳкомҳои дифои дарозмуддат сохт.

Ҳуҷуми сартосарӣ ба онҳо боиси талафоти калон мегардид, аз ин рӯ, қисмҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Донбасс тибқи нақша ва моҳирона бо истифодаи техника амал карда, ҳайати шахсиро эҳтиёт мекунанд ва зина ба зина сарзамини Донетскро озод мекунанд, шаҳру деҳотро аз миллатгроёни нав пок сохта, ба мардуме, ки ҳокимияти Киев онҳоро гаравгон гирифтаву ба сипари зинда табдил дод, ёрӣ мерасонанд”, – зикр кард президенти Русия.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...