Баррасии муноқишаҳои охири марзӣ дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири САҲА

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) муноқишаҳои охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, онҳо дирӯз, 20 сентябр дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) муноқишаҳои охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, онҳо дирӯз, 20 сентябр дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суҳбат кардаанд.

Илова бар гуфтугӯи муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА баррасӣ гардидааст.

Ҳамзамон, ин ниҳод аз тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъияти баамаломадаро дар Афғонистон низ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, зимни мулоқоти рӯзи гузашта, Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур кард.

Ёдовар мешавем, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ ва иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ ҳоло дар Ню-Йорк қарор дорад. Интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин мавқеъ ва диди Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавиро аз минбари СММ ироа кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.