Суханронии Содир Ҷабборов дар СММ

Содир Ҷабборов 20 сентябр дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ намуд ва дар бораи таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт. Дар сомонаи расмии СММ матни комили суханронии ӯ интишор шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҳамсоя таъйину аломатгузории сарҳадро ба анҷом расонидааст. Президенти Қирғизистон […]

asia+, asia+

Содир Ҷабборов 20 сентябр дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ намуд ва дар бораи таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт. Дар сомонаи расмии СММ матни комили суханронии ӯ интишор шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҳамсоя таъйину аломатгузории сарҳадро ба анҷом расонидааст.

Президенти Қирғизистон қисмати муҳими суханронии худро ба низои кишвараш бо Тоҷикистон сари баҳси аломатгузории сарҳад бахшид ва таъкид намуд, ки Қирғизистон оид ба амалҳои ғайриқонунии Тоҷикистон далелҳо дорад. Содир Ҷабборов Тоҷикистонро ба риоя накардани созишҳои қаблан имзошуда гунаҳкор кард ва бо иқтибос кардани зарбулмасали лотинӣ гуфт “Pacta sunt servanda”, яъне “Шартномаро бояд риоя кард”.

Ӯ ҳамчунин, зарурати идомаи музокирот бо Тоҷикистонро таъкид намуд.

“Аммо аз сабаби коҳиши эътимод ба Тоҷикистон музокирот метавонад бо иштироки иштирокчиёни байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА идома ёбад”, – изҳор дошт Содир Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон таъкид намуд, ки “мо ҳеҷ гоҳ аввал ҳуҷум накардаем. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем аз яроқ дур бошем ва ҳеҷ гоҳ ҷониби сокинони осоиштаи беяроқ намепарронем”.

Ӯ такроран изҳор намуд, ки тамоми масоили марзӣ бояд бо музокирот ҳал карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷараён дорад ва аз Тоҷикистон дар он вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳридин иштирок ва суханронӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.